Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Қирғизистон, дар арафаи бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни тимҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор шуд. Дар ин нишасти хабарӣ иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон Мубин Эргашевро, капитани даста Хуршед Маҳмудов ҳамроҳӣ кард.
Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон:
– Дар аввал ман мехостам, ки ба Федератсияи футболи Қирғизистон барои истиқболи гарму самимияшон сипосгузорӣ намоям. Мо ба ин ҷо рӯзи 4 октябр омадем ва тамоми шароитҳо бароямон муҳайё карда шудааст. Тамрин мекунем ва ҳама корамон аз рӯи нақша амалӣ шуда истодааст.
– Шумо ҳолати майдони футболбозии варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаковро, ки пагоҳ бозӣ дар он доир мегардад, чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Рӯзи аввали ба ин ҷо омаданамон мо аз майдони футболбозии варзишгоҳ дидан кардем. Метавонам бигӯям, ки аз дидани варзишгоҳ танҳо таассуроти хуб бардоштем. Аммо бояд иқрор шавам, ки мо бозии мунтахаби шуморо муқобили Австралия тамошо кардем ва ба назарамон чунин намуд, ки сифати майдони футболбозии варзишгоҳ он қадар хуб набуд.
– Дар бораи рақиби худ – мунтахаби Қирғизистон чӣ гуфта метавонед?
– Мо бозиҳои мунтахаби Қирғизистонро тамошо кардем. Таассуротамон ҳам дар бораи тими шумо хуб аст. Назар ба мунтахаби мо тими миллии Қирғизистон ин марҳилаи интихобиро беҳтар оғоз кард. Мо бисёр хуб омода шудем, зеро медонем, ки Қирғизистон рақиби ҷиддӣ аст. Аммо агар ба таърихи рақобатҳоямон назар афканем, ба нигоҳи инфиродии ман бартарӣ ҷониби мо аст.
Ва боз мехостам қайд кунам, ки Федератсияи шумо дар комилгардонии тими миллӣ аз ҳисоби бозигароне, ки баромадашон аз Қирғизистон аст, кори хеле хубро анҷом кард. Тими миллии имрӯзаи Қирғизистон насбат ба он дастае, ки ду сол пеш бо мо бозии дӯстона гузаронид, дастаи тамоман дигар аст. Дар ҳайати тим легионерҳое ҳастанд, ки дар чемпионатҳои Олмон, Русия ва Молдив бозӣ мекунанд. Ҳайати даста бисёр хубу пурқувват аст. Роҳбарии мунтахаби Қирғизистонро ҳам мутахассиси ботаҷриба – Александр Крестинин ба зимма дорад. Мо бори аввал бо ӯ дар Ҷоми Иттиҳод-2011 рӯбарӯ шудаем. Он вақт Александр Крестинин бошгоҳи футболи “Нефтчӣ”-ро роҳбарӣ дошт.
– Мунтахаби ҷавонони шуморо барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё муборакбод мекунем. Мегуфтед, ки тими миллии шумо дар кадом ҳолат қарор дорад?
– Ташаккур барои табрикатон! Дар бораи ҳолати тими миллӣ бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки айни ҳол дар ҳайат бачаҳое ҳам ҳастанд, ки лат бардоштаанду ҷароҳат доранд. Ба фикрам шумо бохабар ҳастед, ки тими миллии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби бозигарони “Истиқлол” устухонбандӣ мешавад. Ва гуфтан мумкин, ки бачаҳо аз бозии зиёд кардад сер ҳам шудаанд. Айнан пеш аз ба ин ҷо омадан онҳо аз Кувайт баргаштанд. Пештар аз ин бошад, бачаҳо ба Малайзия сафар доштанд. Албатта сафар тавассути хатсайрҳои дурударози ҳавоӣ то андозае фишор оварда касро монда мекунонад. Вале, ман фикр мекунам, ки дар ҳайати тими миллӣ бозӣ кардан барои бачаҳои мо шарафи бузург аст. Ба ин тартиб, даста дар ҳолати муътадил қарор дорад.
Хуршед Маҳмудов, капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон:
– Ман қаблан бо мунтахаби Қирғизистон рӯбарӯ шудаам? Бале, ду сол пеш мо ба ин ҷо ба бозии дӯстона бо тими миллии Қирғизистон омада будем. Дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми даъвати АФК ҳам муқобили мунтахаби шумо ширкат доштам. Илова бар ин, замоне, ки дар бошгоҳи футболи “Регар-ТадАз” бозӣ мекардам, дар доираи бозиҳои Ҷоми президенти АФК муқобили “Дорой” ҳам бозӣ кардаам.
– Шумо тими миллии Қирғизистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Мо бозиҳои мунтахаби Қирғизистонро таошо кардем. Ҳайати даста ба таври чашмрас нав шудааст. Бисёрии бачаҳоро ман нашинохтам. Дар ҳайати Қирғизистон легионерҳои хуб бозӣ мпкунанд. Ва агар пагоҳ дар бозӣ мисли дар бозӣ бо Австралия мухлисон зиёд биёянд, медонам, ки ба мо мушкил мешавад. Ба ин гуна, умед мебандам, ки на он қадар мухлисони зиёд ба варзишгоҳ меоянд (ханда дар толор).
– Дар арафаи бозӣ бо Қирғизистон мураббии шумо Мубин Асрорович зодрӯз доштанд. Шумо барои ӯ пагоҳ чӣ тӯҳфаеро тайёр кардаед?
– Беҳтарин тӯҳфа барои мураббӣ – ин ғалаба аст. Оё аз ин дида тӯҳфаи беҳтаре ҳаст?