Рӯйхати васеи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои Камбоҷа ва Филиппин – Федерация Футбола Таджикистана

Рӯйхати васеи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои Камбоҷа ва Филиппин

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе рӯйхати васеи дастаро барои бозиҳо бо дастаҳои Камбоҷа (5 июн) ва Филиппин (10 июн) эълон кард.

Ба ҳайат 55 бозигар – 5 дарвозабон, 16 ҳимоятгар, 23 нимҳимоятгар ва 11 ҳамлагар шомиланд. Рӯйхати ниҳоии бозигарони тими миллӣ, ки ба рақобатҳои моҳи июн омодагӣ мегиранд, дертар муайян карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн бо тими Камбоҷа  бозии дӯстона карда,  10-уми июн вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро  бо  яккачини Филиппин анҷом медиҳад. Ҳарду дидор дар сафар баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед