Нишасти матбуотии пеш аз бозии дӯстонаи Тоҷикистону Беларус – Федерация Футбола Таджикистана

Нишасти матбуотии пеш аз бозии дӯстонаи Тоҷикистону Беларус

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! 19 март дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе қабл аз бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Беларус нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати – 10:30.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе ва дарвозабони тими миллӣ Олег Баклов ба саволҳои рӯзноманигорон посух хоҳанд дод. Дар нишасти матбуотӣ тими миллии Беларусро сармураббӣ Карлос Алос Феррер ва нимҳимоятгари даста Валерий Громико намояндагӣ мекунанд.

Пеш аз шуруи нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон бейҷҳои аккредитатсионӣ дода мешавад.

Назари худро бинависед