Федератсияи футболи Тоҷикистон татбиқи барномаи рушди истеъдодҳои ФИФА – «FIFA Talent Development Scheme»-ро дар кишвари мо идома медиҳад. Принсипи барнома аз он иборат аст, ки ба ҳар як бозигари боистеъдод имконият дода шавад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи «FIFA Talent Coach» бо мутахассиси испанӣ Клаудио Гарсиа Лара, ки дар Академияҳои футболи Испания, Англия, Чин ва Ҳиндустон кор кардааст, шартнома баст. Вай ду сол дар Тоҷикистон кор мекунад. Дар ҳоли ҳозир Клаудио Гарсиа Лара, ки литсензияи «Pro»-и УЕФА-ро дорад, бо тими наврасони то 14-сола ҳамкорӣ мекунад ва дастаро ба мусобиқоти оянда таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ омода менамояд.
Ба гуфтаи директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, бар асоси натоиҷи интихоб 27 бозигар аз тамоми манотиқи кишвар ба тими наврасони то 14-солаи Тоҷикистон даъват шуданд. Бозигарони боистеъдод дар Академияи футболи «Истиқлол» воқеъ дар деҳаи Алмосии Ҳисор тамрин, таҳсил ва зиндагӣ мекунанд.
«Барномаи «FIFA Talent Coach» барои ду сол пешбинӣ шудааст. Мураббиёни мо ба мутахассиси испанӣ кумак мекунанд. Ҳадафҳои асосии барномаи «Истеъдоди мураббӣ» муайян кардани истеъдод ва ҷалби беҳтаринҳо ба кор бо беҳтаринҳо мебошад. Инчунин, дар доираи лоиҳа чорабиниҳо оид ба муайян намудани бозигарони боистеъдод дар саросари кишвар ва гузаронидани семинарҳои мураббигӣ дар назар аст», – қайд кард директори техникии ФФТ Увайдо Давлатбеков.