Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бар дастаи Шри-Ланка пирӯзии калон ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бар дастаи Шри-Ланка пирӯзии калон ба даст овард

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии ифтитоҳии худ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «Е» бар тими Шри-Ланка пирӯзии калон ба даст овард.

Вохӯрӣ имрӯз, 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Масрур Ғафуров (дубл) ва Билол Бобоев ба самар расониданд.

Дар даври баъдӣ рӯзи 25 сентябр мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ бозӣ хоҳад кард.

Назари худро бинависед