Сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов натоиҷи ду бозии дастаро бо тимҳои миллии Марокаш (2:4) ва Португалия (2:3) дар оғози Ҷоми ҷаҳон-2024 шарҳ дод.
Пайрав ВОҲИДОВ, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон:
– Бозии аввал бо тими миллии Марокаш душвор буд. Ин баромади аввалини дастаи мо дар чемпионати ҷаҳон буд ва дар дақиқаҳои аввал як андоза ҳаяҷон эҳсос мешуд. Марокаш дастаест, ки суръати тез дорад. Аммо сарфи назар аз ин, агар ба омор назар кунем, мо ҳам бад набудем. Тими мо дар вохӯрии 50 зарба зад, ки аз ин 24-тоаш зарбаи мустақим сӯйи дарвоза аст. Марокаш 24 зарба – 14 зарбаи мустақим. Дар ин гуна нерӯсанҷиҳо маҳорати инфиродии бозигарон нақши калон мебозад. Мо аз имкониятҳои худ истифода бурда натавонистем. Дар футзал касе, ки камтар хато мекунад ва бештар гол мезанад, ғолиб мешавад.
Вохӯрии дуюм бо қаҳрамонҳои феълии ҷаҳон – яккачини Португалия низ душвор гузашт. Новобаста аз мағлубият, бачаҳои мо хеле хуб бозӣ карданд. Бозигарон аз рӯйи нақшае, ки мо пеш аз рақобат гуфта будем, кор карданд. Кӯшиш кардем, ки фишор оварем, то ҳамлаи ҳарифро душвор созем. Дар нимаи аввал мо бо ҳисоби 0:2 шикаст мехӯрдем, аммо дар қисми дуюм беҳтар бозӣ карда, ду гол задем. Офарин ба бачаҳо, онҳо то садои ҳуштаки ниҳоӣ мубориза бурданд. Умуман, футзалбозони мо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки то охир бозӣ кунанд ва ин маро хеле шод мекунад.
Акнун ба рақобати ҳалкунанда бо дастаи Панама омодагӣ мебинем. Рақиби сода нест. Бояд ҳарифро хуб таҳлил кунем – нуқтаҳои заиф ва қавиро муайян созем. Дар ин бозӣ мо танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард. Имкони аз гурӯҳ баромаданро дорем. Агар мо ба даври 1/8 ниҳоии чемпионати ҷаҳон роҳ ёбем, ин рӯйдоди наҷиб барои тамоми кишвар маҳсуб хоҳад ёфт.
Аз фурсат истифода бурда, аз номи даста ба мухлисони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, ки дар ду бозӣ моро дастгирӣ карданд, ташаккур мегӯям. Ин барои мо хеле муҳим аст, зеро дастгирии мухлисон нақши калон мебозад. Боварӣ дорам, ки мухлисони мо дар бозӣ бо Панама низ дар Бухоро дастаро самимона дастгирӣ мекунанд.