Имрӯз «Равшан» дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё бозии якумашро доир мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз «Равшан» дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё бозии якумашро доир мекунад

Имрӯз, 18-уми сентябр ноибқаҳрамони Тоҷикистон, «Равшан»-и Кӯлоб дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё бозии нахустини худро анҷом медиҳад.

Дар бозии ифтитоҳии гурӯҳи «А» «Равшан» дар меҳмонӣ бо қаҳрамони Ҳиндустон – «Моҳун Баган» рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Вивекананда Юба Бҳарати Криранган»-и шаҳри Калкутта баргузор мешавад ва соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Пахши мустакими ин бозиро шабакаи телевизионии «Варзиш» ба роҳ мемонад.

Ба дастаи худ дар бозии имрӯза муваффақият таманно дорем!

Назари худро бинависед