Гела Шекиладзе: «Бозӣ бо тими миллии Урдун ҳалкунанда хоҳад буд» – Федерация Футбола Таджикистана

Гела Шекиладзе: «Бозӣ бо тими миллии Урдун ҳалкунанда хоҳад буд»

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе интизориҳои худро аз бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими Урдун иброз намуд. Ин дидор рӯзи 6 июн дар Аммон баргузор мешавад.

 

Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон: 

– Моро ду бозии муҳим бо Урдун ва Покистон интизоранд, ки тақдири марҳилаи интихобиро ҳал хоҳанд кард. Дар Давҳа омодагии хуб доштем ва дастаи мо ба бозӣ бо тими Урдун омода аст. Дар бораи рақиб бисёр маълумот дорем, онҳо низ моро хуб мешиносанд. Тайи 7 моҳи охир ду бор – дар бозии аввали интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Душанбе ва дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа бо ҳам рақобат кардаем. Урдун дастаи хеле хуб аст, хатти ҳамлаи қавӣ дорад ва ба таври шоиста ба финали Ҷоми Осиё баромад. Бозии сеюми мо бо Урдун ҳалкунанда хоҳад буд. Умедворам, ки маҳорати хуб нишон дода, ба натиҷаи мусбӣ ноил мешавем.

Назари худро бинависед