Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон нақшаҳои мавсими навро муайян карда, маросими қуръакашии тақвими бозиҳои қаҳрамонӣ байни дастаҳои занонаро баргузор намуд.
Барои медалҳо дар ҳафтумин чемпионати Тоҷикистон, ки 26-уми май оғоз мешавад, даҳ дастаи занона – «Душанбе» (Душанбе), МДМВ «Вахш» (Бохтар), МДМВ (Кӯлоб), «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Ситора» (Шаҳринав), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), ММФ «Канд» (Конибодом), «Бунҷикат» (Шаҳристон), ММВФЧА «Хуҷанд» (Хуҷанд) мубориза мебаранд.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» шаш тим дохил шуд. Бозиҳо дар чаҳор давр баргузор мешаванд. Дар гурӯҳи «Б» чаҳор даста рақобат мекунанд. Дар ин чоргона вохӯриҳо дар панҷ давр гузаронда мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба қисми ниҳоии чемпионат роҳ ёфта, ҷуфтҳои даври ниманиҳоиро ташкил медиҳанд. Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда дар рақобат барои ҷойи сеюм ба ҳам меоянд.
Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола бо ширкати 10 даста дар ду давр сурат мегирад. Рақобатҳо рӯзи 25 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол оғоз мешаванд.
Дар гурӯҳи хурдтарин – дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола 18 даста, ки ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд, ширкат мекунанд. Ғолибони се гурӯҳ, инчунин беҳтарин дастаи ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии чемпионат мебароянд. Чемпионати кишвар байни духтарони то 15-сола 29 май шуруъ мегардад.