Ҳамлагари дастаҳои миллӣ ва олимпии Тоҷикистон (U-23) Шаҳром Самиев фаъолияти худро дар тими «Андиҷон», ки шомили Суперлигаи Ӯзбекистон аст, идома медиҳад.
Шаҳром Самиев бо дастаи «Андиҷон» шартномаи сесола баст. Қаблан Самиев дар дастаҳои «Барқчӣ», «Помир», «Истиқлол» (ҳама аз Душанбе), «Рубин» (Русия), «Шериф», «Динамо-Авто», «Зимбру» (ҳама аз Молдова), «Торпедо-Жодино», «Ислоч» (ҳар ду аз Беларус) ҳунарнамоӣ кардааст. Охирин бошгоҳи Самиев «Милсами»-и Молдова мебошад.
Шаҳром Самиев аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 27 бозӣ карда, муаллифи 7 гол гардидааст. Дар Ҷоми Осиё-2023 Самиев дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар панҷ бозӣ ширкат карда, 165 дақиқаро дар майдон сипарӣ кардааст.