Зоир Ҷӯрабоев: «Дар бозӣ бо мунтахаби АМА мо барои Ватан, барои ҳамдигар мубориза мебарем» – Федерация Футбола Таджикистана

Зоир Ҷӯрабоев: «Дар бозӣ бо мунтахаби АМА мо барои Ватан, барои ҳамдигар мубориза мебарем»

Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев интизориҳои худро аз бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб иброз дошт. Ин дидор фардо, 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа баргузор мешавад.

 

Зоир ҶӮРАБОЕВ, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон: 

– Дар Тоҷикистон вақте ки мо бар тими миллии Лубнон (2:1) пирӯз шуда, ба даври навбатии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтем, ҷашни бузурге буд. Мо мехоҳем ин эҳсосотро пас аз бозии даври 1/8 ниҳоӣ низ идома диҳем. 

– Суханони мураббии шумо аҷиб аст. Чӣ тавр ӯ шуморо дар утоқи либосивазкунӣ рӯҳбаланд мекунад? 

– Мураббии мо ҳамеша хушнигар ва меҳрубон аст. Вале дар ҷояш сахтгир ва серталаб мебошад. 

– Дастаи шумо дар бозӣ бо Лубнон ду гол зад. Футболбозон пас аз голи аввал дар Ҷоми Осиё чӣ эҳсос карданд? 

– Мо чор гол задем, дутоаш мутаассифона ба ҳисоб гирифта нашуд. Голи аввал ба даста қувваи иловагӣ бахшид ва мо дарҳол голи дуюмро ба дарвозаи ҳариф задем. Дар охир ҳама чиз хуб анҷом ёфт. 

– Мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо тими миллии Лубнон голи аввалини худро дар Ҷоми Осиё ба самар расонида, якумин пирӯзии худро ба даст овард ва барои нахустин бор ба даври ҳазфӣ роҳ ёфт. Бори аввал ин қадар ҳодисаҳои зиёд рӯй доданд. Илова бар ин, наздики 300 мухлис аз Душанбе фардо бо ҳавопаймои чартерӣ ба Доҳа меояд, то шуморо дар бозӣ бо АМА дастгирӣ кунад. Оё ба ҳаяҷон дода нашудаед? 

– Бале, бори аввал бисёр воқеаҳо руй доданд. Мо дер боз ин гуна ҳиссиёти мусбатро баъди бозиҳо эҳсос намекардем. Ман фикр мекунам, ки мухлисони мо низ хурсанд буданд – дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин қадар шарҳҳои хуб навиштанд. Тамоми кори аз дастамон меомадаро мекунем, то дар бозии пагоҳина мухлисонамонро шод гардонем. Тамоми коллектив то охир мубориза бурда, ҳамаи қувваашро сарф месозад. Мо барои Ватан, барои ҳамдигар, барои мухлисонамон мубориза хоҳем бурд!

Назари худро бинависед