Нимҳимоятгари марказии тими миллии Тоҷикистон Амирбек Ҷӯрабоев ба далели ҷароҳат доштанаш дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 12 январ то 10 феврал дар Қатар баргузор мешавад, ширкат намекунад.
Амирбек Ҷӯрабоев бинобар аз пояш ҷароҳат бардоштан дар бозии санҷишӣ бо тими миллии Ҳонгконг (2:1) дар Абу-Даби ба тими Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё кӯмак карда наметавонад. Барқароршавии нимҳимоятгар чанд ҳафта тӯл мекашад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Амирбек шифои комилу оҷил таманно дорад!