Ҳимоятгари мунтахабҳои миллӣ ва олимпии Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров фаъолияти худро дар Суперлигаи Ӯзбекистон дар ҳайати «Нефтчӣ»-и Фарғона идома медиҳад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии бошгоҳи Фарғона, Манучеҳр Сафаров бо «Нефтчӣ» шартномаи дусола баст. Дар ин бошгоҳ Сафаров бо ҳимоятгари дигари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев, ки ахиран шартномаашро бо «Нефтчӣ» тамдид кард, бозӣ менамояд.
Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон мавсими 2023-ро дар ҳайати дастаи «Локомотив», дар Про-Лигаи Ӯзбекистон гузаронида, 13 бозӣ анҷом додааст ва ба задани як гол даст ёфтааст.
Қаблан Манучеҳр Сафаров дар дастаҳои «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Локомотив-Помир», «Истиқлол» ва «Персеполис» ҳунарнамоӣ кардааст. Сафаров аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад ва дар ин муддат 30 бозӣ анҷом додааст.