Имрӯз, 25 ноябр дар шаҳри Душанбе Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал ба анҷом расид. «Истиқлол» дар бозии панҷуми силсилаи ниҳоӣ бар тими «Соро компания» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, аввалин бор дар таърихи худ қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Дастаро ба ин муваффақият мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе расонд.
Бозии ниҳоии силсила воқеан шавқовару тамошобоб буд ва тамошобинонро то сонияҳои охир дар ҳаяҷон нигоҳ дошт. Арстанбек Турсунов бозигари «Истиқлол» дар дақиқаи 10-ум ҳисобро боз кард. Панҷ дақиқа пеш аз анҷоми қисми аввал Бахтиёр Солиев таносубро барқарор сохт. Мухлисон баъди танаффус шоҳиди боз се голи дигар гаштанд. Дар дақиқаи 24-ум Шавкат Ҳалимов «Истиқлол»-ро ба пеш баровард. Баъдан «Соро компания» боз ҳисобро баробар кард. Муҳаммадҷон Шарифов муаллифи гол шуд. Футзалбозони «Истиқлол» бист сония қабл аз анҷоми вохӯрӣ голи ғалабаоварро ба самар расониданд. Раҳмоналӣ Шарифов пирӯзии тимашро таъмин намуд.
Ҳамин тариқ, «Истиқлол» барандаи Суперлигаи Тоҷикистон-2023 гардид. Медалҳои нуқра насиби бозигарони «Соро компания» шуданд. Дебютанти лига «Амонатбонк» барандаи медали биринҷии чемпионат гардид.
Дар маросими ҷамъбастии чемпионат ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва президенти бошгоҳи «Соро компания» Тоҷиддин Давлатов ширкат доштанд.
Дарвозабони «Истиқлол» Фирӯз Бекмуродов беҳтарин дарвозабони бозии ниҳоӣ эътироф гардид. Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгар ба легионери эронии «Соро компания» Муҳсин Муҳаммадзода супурда шуд. Ва беҳтарин бозигари вохӯрии панҷуми силсилаи ниҳоӣ муаллифи голи пирӯзиовар ҳимоятгари «Истиқлол» Раҳмоналӣ Шарифов гардид.
Ҷоми қаҳрамониро ба капитани «Истиқлол» Рустам Ҳамидов ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.