Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Сингапур тамринҳоро шуруъ кард.
Мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстонаи дар пешистода бо тими Сингапур дар ҳайати 19 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ҷамъ шудааст.
Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Сингапур-Тоҷикистон 8 сентябр дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.