Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои мавфуқмондаи даври панҷуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023-ро муайян кард.
Бозиҳои даври панҷуми лигаи олӣ рӯзҳои 29 ва 30 июн баргузор мешаванд. Баъди ин дар чемпионат танаффус оғоз мешавад. Равзанаи гузариши тобистона дар Тоҷикистон аз 1 июл то 28 июл идома хоҳад кард. Нимаи дуюми мавсим бо бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023, ки рӯзҳои 29 ва 30 июл дар назаранд, шуруъ мегардад. Вохӯриҳои даври понздаҳуми лигаи олии қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 3 ва 4 август баргузор мешаванд.
🏆 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023
⚽️ Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 5
📅 29 июн (панҷшанбе)
⌚️ Оғоз – соати 17:30
«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»
«Куктош» – КМВА
📅 30 июн (ҷумъа)
⌚️ Оғоз – соати 17:30
«Эсхата» – «Истиқлол»
«Ҳосилот» – «Хуҷанд»
«Файзканд» – «Хатлон»