Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард, ки ҳадафи он омодагии даста ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» мебошад.
Даста қабл аз оғози тамринҳо дар Тошканд ҳимоятгар Далер Имомназаровро бо зодрӯзаш самимона табрик кард. Сармураббӣ Петр Сегрт ба бозигар саломатии бардавом ва муваффақиятҳо таманно намуд.
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ҳоло дар ихтиёраш 18 бозигар дорад. Аз легионерҳо ҳимоятгари «Андиҷон» Аҳтам Назаров ва нимҳимоятгари тими «Насаф» Муҳаммадҷон Раҳимов, ки дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ мекунанд, ба даста шомил шуданд. Бозигарони боқимонда пас аз анҷоми бозиҳои бошгоҳҳои худ ба маҳалли ҷойгиршавии тими миллии Тоҷикистон меоянд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) мебошанд.