Сармураббии мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) Фарҳодҷон Холбеков дар бораи даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е», ки аз 26 то 30 апрел дар Ҳисор баргузор мешавад, ибрози назар кард. Рақибони дастаи мо дар ин мусобиқа мунтахабҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳонконг мебошанд.
Фарҳодҷон Холбеков, сармураббии мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17):
– Моҳи гузашта дастаи мо дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ иштирок карда, дар он се вохӯрӣ гузаронд. Харчанд натиҷаи хуб нишон надодем, вале духтарони мо таҷрибаи зиёд касб карданд. Барои бозигарони мо ин аввалин мусобиқаи байналмилалӣ буд. Ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё барои тими мо муҳим аст. Албатта, Кореяи Ҷанубӣ фаворити гурӯҳи мост. Ҳонконг низ дастаи хубест. Дар ин кишварҳо футболи занона хеле рушд кардааст. Кӯшиш мекунем, ки дар даври интихобӣ хуб баромад кунем.