Президентҳои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино ва Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меоянд.
Сарони созмонҳои футболи ҷаҳонӣ ва осиёӣ дар ҷараёни сафарашон бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ менамоянд.
Илова бар ин, Ҷанни Инфантино ва Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 2 май дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки президенти ФИФА Ҷанни Инфантино нахустин бор ба Тоҷикистон меояд.