Дар Душанбе имрӯз, 26 октябр, қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни кӯдакони то 12-сола ба анҷом расид. Ғолиби чемпионат футболбозони Мактаби ҷумҳуриявии маҳораташ олии варзишӣ таҳти роҳбарии мураббӣ Зайниддин Раҳимов гардиданд.
Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни кӯдакони то 12-сола 9 даста, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд, ширкат карданд. Дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Суғд-2» (вилояти Суғд), ММВЗО «Солор» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Истиқлол» (Душанбе) ва МД МВ (Кӯлоб) ҳунарнамоӣ карданд. Гурӯҳи «Б»-ро футболбозони МҶМОВ (Душанбе), «Суғд-1» (вилояти Суғд), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ) ва «Шодмон» (Ҳисор) ташкил доданд.
Аз рӯйи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври 1/2 ниҳоӣ баромаданд ва муборизаро барои медалҳо идома доданд. Дар рӯзи охирини мусобиқа вохӯриҳои ҳалкунанда барпо гардиданд.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм ММВЗО «Солор» аз «Истиқлол» қавитар баромад – 2:1. Вохӯрии ниҳоӣ миёни дастаҳои МҶМОВ ва «Суғд-1» шадид сурат гирифта, мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои пеналти футболбозони МҶМОВ бо ҳисоби 4:1 ғалаба карданд ва ғолиби чемпионат гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастии чемпионат дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, сарвони яккачини мамлакат Ахтам Назаров ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок доштанд.
Тимур Мансуров («Истиқлол»), Абубакр Раҳимов (ММВЗО “Солор”), Билол Аюбов (“Суғд-1”) ва Раҳматулло Раҷабов (МҶМОВ) дар ҳайати дастаҳо беҳтарин бозигар дониста шуданд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзанро Иброҳим Ҳабибов («Истиқлол») ба даст оварда, Абдулло Маҳмадҷонов аз МҶМОВ беҳтарин бозигари чемпионат эълон гардид.