Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чиангмай расид – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чиангмай расид

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022», ки аз 22 то 25 сентябр баргузор мешавад, ба шаҳри Чиангмайи Тайланд омад.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр бо тими миллии Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад. Дар вохӯрии дигари ниманиҳоӣ ҳамон рӯз тимҳои миллии Тайланд ва Малайзия бо ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25 сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» баргузор мешаванд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Тайланд: 

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»); 

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Далеромна Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»); 

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Зуб Оҳан», Эрон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов (TРАУ, Ҳиндустон), Амадонӣ Камолов («Паракуэллос Антамира», Испания), Муҳаммадҷон Раҳимов, Парвиз Боқӣ – Охунов (ҳарду аз «Истиқлол»); 

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

 

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

 

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»

1/2 ниҳоӣ

22 сентябр (панҷшанбе)

15:30 – Тринидад ва Тобаго – ТОҶИКИСТОН

18:30 – Тайланд – Малайзия

 

25 сентябр (якшанбе)

15:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

18:30 – Финал 

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Назари худро бинависед