Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ

Имрӯз, 15-уми сентябр дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи бисту дуюми Кумитаи назоратӣ-интизомӣ дар соли ҷорӣ таҳти раёсати Тоҳир Нурзода баргузор шуд, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футзали кишвар рухдода, баррасӣ шуданд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон миёни тимҳои «Истиқлол» – «Эсхата» (11 сентябр), бозигари дастаи «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов бинобар таҳқир намудани рақиб аз ҳаққи 2 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон миёни тимҳои «Истиқлол» – «Эсхата» (11 сентябр), бозигари дастаи «Эсхата» Дилшодҷон Каримов бинобар таҳқир намудани рақиб аз ҳаққи 2 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал «Барқчӣ» – «Панҷшер» (7 сентябр), бозигари дастаи «Панҷшер» Зафар Бердиев бинобар қасдан задани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум карда шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 6 банди 2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Куктош» – «Ҳосилот» (8 сентябр), мудири тими «Ҳосилот» Насим Исмонов ба хотири таҳқири ҳайати доварон аз 3 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Куктош» – «Ҳосилот» (8 сентябр), тими «Ҳосилот» ба хотири риоя накардани талаботи низомномаи мусобиқот ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Хатлон» – «Файзканд» (10 сентябр), бозигари тими «Файзканд» Меҳроҷиддин Абдураҳмонов ба хотири таҳқири ҳайати доварон аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 6 банди 11-и Кодекси интизомии Лигаи футзали Тоҷикистон дар бозии Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал миёни дастаҳои «Соро компания» – «Равшан» (28 август), сардори дастаи «Равшан» (Кӯлоб) Ғайраталӣ Мираҳмадов ба хотири дағалона вайрон кардани низомномаи мусобиқот аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 2500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 20-и Кодекси интизомии Лигаи футзали Тоҷикистон дар бозии Суперлигаи футзали Тоҷикистон миёни дастаҳои «Самандар» – «Соро компания» (3 сентябр), бозигари тими «Самандар» Маҷид Қулов барои қасдан ба пойи ҳариф задан, аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шуд.

Назари худро бинависед