Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Гулистон ҷамъомади тамриниро шуруъ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Гулистон ҷамъомади тамриниро шуруъ кард

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар Гулистон ҷамъомади дувоздаҳрӯзаи таълимию тамриниро оғоз кард.

Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 15 сентябр идома хоҳад кард, сармураббии тими футзали кишвар Пайрав Воҳидов 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 футзалбозро даъват кардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон ба Дубай рафта, ҷамъомади ниҳоии тамриниро қабл аз Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт баргузор мекунад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, мунтахаби мо дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) бозӣ мекунад.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов (ҳарду – «Истиқлол»);

Бозигарон: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарифов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гуляков, Умед Кузиев (ҳама аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Ҳайати мураббиён ва маъмурон: Азизҷон Достиев – мудири даста, Пайрав Воҳидов – сармураббӣ, Шамшод Ниятбеков – ёвари сармураббӣ, Акбар Абдуллаев – мураббӣ-таҳлилгар, Муродулло Алиқулов – мураббии дарвозабонҳо, Элчибек Элчибеков – маъмур, Анвар Ҷалилов – табиб, Ҳабибулло Доров – маҳсгар.

Назари худро бинависед