Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода имрӯз, 13-уми июн дар меҳмонхонаи «Jannat Regency»-и шаҳри Бишкек бо бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурони тими миллии Тоҷикистон вохӯрд.
Вохурӣ дар фазои гурму самимӣ ҷараён гирифт. Сафир тими миллии Тоҷикистонро ба муносибати пирӯзӣ бар тимҳои миллии Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки дар Бишкек ҷараён дорад, табрик гуфт.
Назирмад Ализода қайд кард, ки тими миллии кишвар дар вохӯриҳои гузашта бозиҳои ҷолибу зебо нишон дод. Дар фарҷоми мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба тими миллии кишвар дар бозӣ бо Қирғизистон комёбӣ ва пирӯзӣ таманно кард.