Пагоҳ, 8-уми июн, дар шаҳри Бишкек марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» оғоз мешавад. Мунтахабҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Сингапур ва Мянмар барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа миёни ҳам мубориза мебаранд.
Дар остонаи оғози мусобиқот нишасти хабарӣ баргузор шуд, ки дар он сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт ва сарвони даста Аҳтам Назаров ширкат намуданд.
Петр СЕГРТ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:
– Дар гурӯҳи мо дастаи заиф нест, ҳама барои ғалаба мубориза мебарад. Дастаҳо дар сатҳи наздиканд, мо ҳар як рақибро эҳтиром мекунем ва мубориза хоҳем бурд. Рақибони худро хуб омӯхтем ва ҳоло тамоми диққатамонро ба бозии аввал бо яккачини Мянмар равона кардаем. Ман аз ҳайати худ ва интихоби бозигарон қаноатмандам. Пеш аз оғози марҳилаи интихобӣ мо дар Дубай ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ доштем, ки дар он даста та таври ҷиддӣ кор кард. Мехоҳам бигӯям, ки давоми ду ҳафта омода кардани як даста душвор аст, аммо мо умедворем, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат мегирем. Маҳз ҳамин мақсад назди даста гузошта шудааст.
Аҳтам НАЗАРОВ, сарвони тими миллии Тоҷикистон:
– Тими мо омодааст, ки дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё барои ба даст овардани роҳхат тамоми ҳастии худро сарф созад. Кӯшиш мекунем, ки натиҷаи қаноатбахш ба даст орем.