Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) яккачини вилояти Суғдро шикаст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) яккачини вилояти Суғдро шикаст дод

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев пеш аз марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 охирин бозии санҷишии худро доир намуд.

29 май тими олимпии мо дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ шаҳри Хуҷанд бо яккачини бошгоҳҳои вилояти Суғд бозии санҷишӣ гузаронида, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро ҳамлагар Муҳаммадалӣ Азизбоев ба самар расонид.

30 май тими олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба Тошканд сафар мекунад. Дастаи мо дар ин мусобиқот, ки дар Ӯзбекистон сурат мегирад, дар гурӯҳи «D» бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ (3 июн), АМА (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) вомехӯрад.

 

Бозии санҷишӣ

Мунтахаби Тоҷикистон (U-23) – Яккачини бошгоҳҳои Суғд – 1:0

Гол: Муҳаммадалӣ Азизбоев, 15.

29 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

Назари худро бинависед