Дар бозии якуми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Македонияи Шимолӣ ба майдон баромад.
Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби мо Билол Бобоев муаллифи дубл шуда, Масрур Ғафуров ба номаш як голро сабт намуд.
Тибқи низомномаи мусобиқот дар сурати мусовӣ ғолиб аз рӯйи зарбаҳои пеналтӣ муайян карда мешавад. Дар силсилаи зарбаҳои 11 метра бахт ба рӯйи Македонияи Шимолӣ хандид – 5:4.
Дар даври дувуми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе мунтахаби Тоҷикистон (U-16) рӯзи 5 май бо дастаи Гондурас вомехӯрад. Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 3:3. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ – 5:4
Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.
19:00 – Косово – Гондурас
Даври 2
5 май (панҷшанбе)
19:00 – Гондурас – ТОҶИКИСТОН
19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово
Даври 3-юм
8 май (якшанбе)
14:00 – Македонияи Шимолӣ – Гондурас
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Косово
Эзоҳ: Оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.