Дар арафаи оғози мавсими нави футбол дар кишвар, гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон зери роҳбарии ноиби президенти Федератсия Алишер Урунов кори худро ҷиҳати иҷозатномадиҳии бошгоҳҳои футболи кишвар идома медиҳад.
Комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ, иборат аз мутахассисони самтҳои гуногуни футбол, дар ин навбат аз қаҳрамони нӯҳкаратаи Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе дидан намуд.
Дар марҳилаи аввали иҷозатномадиҳӣ, комиссияи ФФТ ҳуҷҷатҳоро оид ба иҷрои талаботи муқаррароти иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби бошгоҳҳои лигаи олӣ аз рӯи меъёрҳои варзишӣ, инфрасохтор, кадрҳо, маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ санҷиш кард.
Ёдрас мешавем, соли сеюм аст, ки “Истиқлол”-и Душанбе тамоми марҳилаҳои иҷозатномадиҳиро барои иштирок дар бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии қораи Осиё – Лигаи қаҳрамонҳо бомуваффақият пушти сар мекунад.
Имсол чемпиони Тоҷикистон барои бори аввал дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа ширкат хоҳад кард.