Федератсияи футболи Тоҷикистон бори шашум пай дар пай ҳамчун беҳтарин Федератсияи варзишии кишвар шинохта мешавад.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 9 январ натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, лауреатҳоро дар номинатсияҳои мухталиф дар соҳаи ҷавонон ва варзиш номбар кард. Маросими тантанавӣ дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и пойтахт баргузор шуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин Федератсияи варзиш дар соли 2020 эълон шуд. Клубҳои футболи “Истиқлол” (Душанбе) ва “Равшан” (Кӯлоб) бошанд беҳтарин дастаҳои варзишии соли гузашта эътироф карда шуданд.