Ҷоми Тоҷикистон ба тартиби нав мегузарад ва дастаҳо дар ҳар марҳала як бозӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон ба тартиби нав мегузарад ва дастаҳо дар ҳар марҳала як бозӣ мекунанд

Рӯзи 13 июн дар Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии марҳилаи пешакии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаи қуръакашии мазкур ба даври 1/8 финалии Ҷоми миллӣ шаш даста роҳ меёбад.

Маросими қуръакаширо ифтитоҳ намуда, Ноиби президенти Федератсия Алишер Урунов ва Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ба ҳозирин хабар доданд, ки имсол мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон ба тартиби нав баргузор мешавад.

Агар солҳои қаблӣ дар ҳар як марҳилаи ин мусобиқа дастаҳо ду бозӣ мекарданд – дар хона ва дар майдони ҳариф, пас дар ин мавсим ҳар як марҳилаи мусобиқа (марҳилаи пешакӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финал) аз як бозӣ иборат хоҳад буд. Гузашта аз ин, дастаи хонагӣ аз рӯи қуръакашӣ мутобиқи ҷадвали Ҷоми Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон 12 дастаи лигаи якуми кишвар иштирок мекунанд. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи ин бозиҳо шаш дастаи беҳтарин ба марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд. Дастаҳои лигаи олии мамлакат аз марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми миллӣ ба рақобат шурӯъ мекунанд.

Қобили қайд аст, ки ба мақсади кӯмак ва дастгирӣ ба ҳамаи дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон ду ҷуфти сарулибоси варзишӣ тақдим карда шуд.

Он гунае ки Ноиби президенти Федератсия Алишер Урунов хабар дод, имсол дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон маблағи хизматрасонии ҳайати доварону нозири бозиҳоро дар вохӯриҳои хонагӣ, инчунин дар бозиҳо барои Ҷоми Тоҷикистон пардохт намекунанд. Тамоми харҷҳои зикршуда аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт мешаванд.

 

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2020

«Ҳосилот» (Фархор) – «Моҳир» (Ёвон)

«Саройкамар (Панҷ) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ)

«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» (Душанбе)

«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд)

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор)

Назари худро бинависед