Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20)-ро дар Душанбе самимона истиқбол гирифтанд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20)-ро дар Душанбе самимона истиқбол гирифтанд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев баъди соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 гардидан, ба Ватан баргашт. 

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи мунтахаби ҷавононро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.

Онҳо бозигарон ва ҳайати мураббиёни мунтахаби ҷавонони кишварро ба муносибати ҳунарнамоии муваффақона дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 табрик намуда, ба даста дар оянда пирӯзиҳои нав ва баромади шоиста дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа орзу карданд.

Назари худро бинависед