«Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 баромаданд – Федерация Футбола Таджикистана

«Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 баромаданд

Пас аз анҷоми бозиҳои ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи ниманиҳоӣ муайян шуданд.

Дар даври ниманиҳоӣ ҷуфтҳои зерин ба ҳам меоянд:

«Равшан» – «Хуҷанд»

«Эсхата» – «Сардор»

Рақобатҳои даври ниманиҳоӣ аз ду бозӣ иборатанд. Дастаҳое, ки аз рӯйи натиҷаи ду вохӯрӣ пирӯз мешаванд, ба финал роҳ меёбанд ва барои ба даст овардани Ҷом муборизаро идома медиҳанд.

Ҳаҷми умумии ҷоизаҳои Париматч-Ҷоми Тоҷикистон имсол 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа 200 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали нуқра 100 ҳазор сомонӣ ба даст меорад.

Ғайр аз ин, ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2026 соҳиби роҳхат ба Лигаи даъвати КФО-2027/28 мегардад.

Назари худро бинависед