Доварони тоҷик барои ҳакамии бозиҳои мусобиқаҳои бошгоҳии КФО таъйинот гирифтанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони тоҷик барои ҳакамии бозиҳои мусобиқаҳои бошгоҳии КФО таъйинот гирифтанд

Чанд нафар аз доварони тоҷик барои ҳакамӣ дар бозиҳои мусобиқаҳои бошгоҳии Конфедератсияи футболи Осиё таъйин гардиданд.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии даври пешакии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО байни дастаҳои «Ист Бенгал»-и Ҳиндустон ва «Ал-Арабӣ»-и Кувайтро доварӣ мекунад. Вохӯрӣ 12 август дар шаҳри Калкутта баргузор мешавад. Дар хатҳо ба ӯ доварони ёвари ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов кумак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Насрулло Кабиров интихоб гардид.

Боз як ҳайати дигари доварони тоҷик таҳти роҳбарии довари ФИФА Амирҷон Хоркашев бозии даври муқаддамотии Лигаи даъвати КФО-2026/27 байни тимҳои «Ал-Иттиҳод Аҳлӣ Ҳалаб»-и Сурия ва «Бангладеш Полис»-и Бангладешро ҳакамӣ мекунад. Ин дидор 11 август дар шаҳри Аммони Урдун баргузор мегардад. Ба ҳайси ёвар доварони ФИФА Вафо Қараев ва Ғайрат Рӯзибоев фаъолият хоҳанд бурд. Сайёдҷон Зайниддинов ба ҳайси довари эҳтиётӣ таъйин шудааст.

Намояндагони Тоҷикистон дар бозиҳои даври пешакии Лигаи қаҳрамонҳои занонаи КФО-2026/27 низ фаъолият хоҳанд кард. Довари ФИФА Нодира Мирзоева бозиҳои гурӯҳи «D»-ро дар Тайланд доварӣ мекунад.Довари ФИФА Наталя Сотникова ва ёвари довари ФИФА Дилшода Раҳмонова бошад, бозиҳои гурӯҳи «A»-ро, ки дар Малайзия баргузор мешаванд, ҳакамӣ хоҳанд кард.

Назари худро бинависед