«Рагар-ТадАЗ» бори аввал дар таърихи хуб соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон шуд! – Федерация Футбола Таджикистана

«Рагар-ТадАЗ» бори аввал дар таърихи хуб соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон шуд!

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода таҳти роҳбарии Алишер Тӯхтаев тими «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, бори аввал дар таърихи хеш соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

Ин вохӯрӣ имрӯз, 23 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд. Голҳои «Регар-ТадАЗ»-ро Азизбек Ҳайитов ва Абдураҳмон Нозимов ба самар расониданд. Голи ягонаи «Истиқлол»-ро Муҳаммадҷон Раҳимов зад.

Беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2026 нимҳимоятгари «Регар-ТадАЗ» Абдураҳмон Нозимов дониста шуд.

Назари худро бинависед