Шабакаи НФС «ОРИЁ» сарпарасти кулли Лигаи футзали Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Шабакаи НФС «ОРИЁ» сарпарасти кулли Лигаи футзали Тоҷикистон шуд

Лигаи футзали Тоҷикистон ва шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «ОРИЁ» созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд. Тибқи созишнома, НФС «ОРИЁ» сарпарасти кулли Лигаи футзали Тоҷикистон шуд.

Маросими имзо дар идораи НФС «ОРИЁ» воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Шартномаро директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва директори рушди ширкати «ОРИЁ» Олим Амирқулов имзо карданд.

Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки тамдиди созишнома ба онҳо имкон медиҳад, минбаъд низ ташаббусҳои гуногунро дар самти дастгирӣ ва рушди футзали Тоҷикистон якҷоя амалӣ кунанд. Бахусус, онҳо нақша доранд, ки лоиҳаҳои иҷтимоиро амалӣ намуда, сатҳи ташкили бозиҳои Лигаи футзали Тоҷикистонро беҳтар созанд.

 

Назари худро бинависед