Дар доираи дастуру супоришҳои президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ Лигаи футболи кишвар системаи иловагии VAR-ро харидорӣ кард. Ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани сифати доварӣ ва таъмини ҳадди аксари шаффофият дар қабули қарорҳои доварон мебошад.
Таҷҳизот аз ширкати чинии «Rigour Tech», ки соҳиби сертификати Федератсияи байналмилалии футбол мебошад, дастрас гардид. Ҳамзамон, системаи хати офсайди виртуалӣ низ ворид карда шуд, ки ба беҳтар шудани дақиқии баррасии ҳолатҳои баҳсбарангез мусоидат мекунад.
Дар маросими муаррифӣ ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев, сардори Раёсати доварони Федератсия Рустам Абдуллоев, инчунин довароне, ки дар мавсими 2026 дар лигаҳои олӣ ва якуми кишвар фаъолият мекунанд, иштирок намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ имкониятҳои системаи нав низ ба намоиш гузошта шуданд.
Технологияҳои нав аллакай аз даври сеюми бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон-2026 мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки минбаъд дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон ду системаи мобилии VAR истифода хоҳанд шуд.