Суҳроб Сатторов бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Суҳроб Сатторов бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро доварӣ мекунад

Довари ФИФА аз Тоҷикистон Суҳроб Сатторов ба рӯйхати довароне, ки бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро доварӣ мекунанд, шомил шудааст. Бори аввал дар корномаи худ ин довари 36-сола дар Ҷоми Осиё кор хоҳад кард.

18-умин Ҷоми Осиё оид ба футзал аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа шонздаҳ дастаи миллӣ, ки ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд, иштирок мекунанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.

Назари худро бинависед