Дастаи миллии Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар сафар бар Тимори Шарқӣ пирӯз шуд.
Ин бозӣ имрӯз, 18 ноябр дар варзишгоҳи Лигаи регбии Дарвин баргузор шуда, бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт.
Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Филиппин рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин дидор 31 марти соли оянда дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.