Тими миллии Тоҷикистон ба зинаи 102-юми раддабандии ФИФА баромад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон ба зинаи 102-юми раддабандии ФИФА баромад

Дар раддабандии нави ФИФА, ки имрӯз, 17 октябр дар сомонаи расмии ФИФА нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон ду зина боло рафт.

Тими миллии Тоҷикистон ҳоло дар раддабандии нави ФИФА дар зинаи 102-юм қарор дорад. Дастаи мо 1220,21 хол касб кард, ки ин назар ба нашри қаблӣ 14,06 хол зиёд аст.

Моҳи октябр тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ду бозӣ анҷом дода, ду бор бар тими Малдив (2:0 ва 3:0) пирӯз шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон феълан байни дастаҳои Осиё дар зинаи 17-ум қарор дорад.

Рейтинги навбатии ФИФА 21 ноябр нашр мешавад.

Назари худро бинависед