Виталий Левченко: «Ман ба бачаҳо ягон эътирозе баён карда наметавонам» – Федерация Футбола Таджикистана

Виталий Левченко: «Ман ба бачаҳо ягон эътирозе баён карда наметавонам»

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) Виталий Левченко дар нишасти хабарии баъд аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Мемориали Валентин Гранаткин дар Санкт-Петербург муқобили мунтахаби Булғористон (0:1) сабабҳои бохти дастаашро шарҳ дод. 

«Ин бози дуюми дастаи мо дар ин мусобиқа буд. Маълум аст, ки баъди бозии якум муқобили дастаи пурқуввати Юнон бачаҳо пура барқарор нашуданд ва мондашавӣ дар онҳо эҳсос мешуд. Аз ҳамин рӯ бозии имрӯза барои бачаҳои мо бисёр мушкил шуд. дар охири қисми аввали бозӣ аз бетаваҷҷӯҳии муҳофизони мо истифода карда, дастаи рақиб ба задании гол муваффақ шуд. Дар қисми дуюм мо беҳтар бозӣ кардем ва лаҳзаҳои хуби голзаниро низ созмон додем, вале мутаассифона онҳоро амалӣ карда натавонистем. Тактикаи бозиро созмон дода, мо ба ҳар як бозигар мефаҳмонем, ки ӯ бояд дар майдон кадом амалро иҷро намояд. Мутаассифона, нишастгоҳи эҳтиётиёни дастаи мо низ он қадар «дароз» нест ва бозигароне надорем, ки онҳо пурра якдигаро иваз карда тавонанд. Аз ин рӯ, мо ба чунин мусобиқаҳо умеди зиёд  дорем. Зеро маҳз дар чунин мусобиқаҳо бачаҳо имконият пайдо мекунанд, ки худро пурра нишон диҳанд. Кӯшиш мекунем, ки дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳӣ пирӯз шавем. Имрӯз низ хоҳиши зиёди ғолиб шуданро доштем. Дар қисми дуюм бачаҳо хеле хуб бозӣ карданд. Вобаста ба компонентҳои бозӣан ба бачаҳ эътирозе баён карда наметавонам. Фақат дар чанд лаҳзаи қисми дуюм бачаҳои мо муваззаф буданд, ки ҳолатҳи қулайи созмондодаашонро бо гол анҷом кунанд. Бо истифода аз фурсати муносиб дастаи рақибро бо ғалаба табрик мекунам».

Добавить комментарий