«Ҳосилот» ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ баромад – Федерация Футбола Таджикистана

«Ҳосилот» ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ баромад

Дирӯз 13-уми март вохӯрии даври дуввуми чемпионати мамлакат байни дастаҳои «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ва «Ҳосилот»-и Фархор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо натиҷаи 0:3 бо ғалабаи футболбозони ноҳияи Фархор ба анҷом расид ва бо 6 имтиёз «Ҳосилот» ба садри ҷадвали мусобиқот баромад.

Нимаи аввали вохӯрӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт. Беҳтарин нишонзани Лигаи якуми масими соли гузашта Абдухалил Боронов ду маротиба бо дарвозабони «Ҳосилот» Рустам Ризоев як ба як баромада ҳолати садфоизаи голзаниро барҳам зад. Дар ин вохӯри таҷрибаю малака «Ҳосилот»-ро ба сӯи ғалаба роҳнамун сохт ва Муҳаммадҷони Ҳасан дар дақиқаи 33-юм ҳисобро кушод. Баъди танаффус Агблей Ҷонс (82-юм дақиқа) ва Наврӯз Рустамов (84) ҳам шонси гозании худро истифода бурда, натиҷаро ба 3:0 расониданд.

«Ҳосилот» баъди ду ғалаба дар оғози мавсим ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқот баромад.

Аз сабаби иштироки чемпиони мамлакат-«Истиқлол»-и Душанбе дар бозии Ҷоми КФО бо дастаи «Дордой», ки имрӯз соати 18:30 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мешавад, бозии даври дуввуми «Истиқлол» бо КМВА «Помир» ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд.

 

Чемпионати Точикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Панҷшер» – «Ҳосилот» – 0:3

Голҳо: Муҳаммадҷони Ҳасан, 33 (0:1). Агблей Ҷонс, 82 (0:2). Наврӯз Рустамов, 84 (0:3).

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Сафар Наботов, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Руслан Тиллоев, Беҳрӯз Ниёзов (Анвар Ҳамроҳулов, 65), Шавкат Худойназаров, Ҳасан Холов, Ҳусейн Умаров, Абдухалил Боронов, Сорбон Авғонов (Алишер Салимов, 72), Фаррух Фузайлов (Фирдавс Зайнуллозода, 73).

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Содиқ Мӯсо, Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Хайрулло Азизов, Муҳаммадҷони Ҳасан (Шаҳзод Давлатов, 90+1), Абдурасул Раҳмонов, Акуффо Гершон, Наврӯз Рустамов, Агблей Ҷонс.

Огоҳӣ: Бехрӯз Ниёзов, Ҳусейн Умаров, Равшан Азизов («Панҷшер»), Наврӯз Рустамов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Сафаралӣ Каримов, Содиқ Мӯсо («Ҳосилот»).

Бозингари беҳтарин: Агблей Ҷонс («Ҳосилот»).

Довари майдон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Комиссари вохӯрӣ: Азизҷон Достиев (Турсунзода).

13 март. Ҳиссор. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

Добавить комментарий