Мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр бо тимҳои миллии Туркманистону Афғонистон вомехӯрад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр бо тимҳои миллии Туркманистону Афғонистон вомехӯрад

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2019 дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон моҳи ноябр боз ду бозии дӯстона мегузаронад. Рақиби мунтахаби миллии мо дар ин бозиҳо тимҳои мили Туркманистону Афғонистон мебошанд. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир хоҳанд шуд.

Рӯзи 9-уми ноябр дружинаи Ҳаким Фузайлов бо мунтахаби миллии Туркманистон, ки айни замон дар радабандии ФИФА мақоми 116-умро ишғол мекунад, дидор хаҳад кард. Ин бозӣ соати 17.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Баъд аз чор рӯз боз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе мунтахаби миллии Тоҷикистон бот ими мили Афғонистон дидори дӯстона мегузаронад. Мунтахаби миллии Афғонистон дар феҳристи ФИФА дар ҷои 149-ум қарор дорад. Оғози ин вохӯрӣ соати 16.00 ба нақша гирифта шудааст.

Қобили қайд аст, ки мунтахабҳои миллии Туркманистону Афғонистон ба монанди тими мили мо дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2019 ширкат мекунанд. Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2019 соли оянда шурӯъ мешавад.

 

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар моҳи ноябр:

9 ноябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

13 ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Добавить комментарий