Лигаи якуми Тоҷикистон: «Кӯктош» боз имтиёз гум мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон: «Кӯктош» боз имтиёз гум мекунад

Дар мусобиқа байни дастаҳои Лигаи якуми Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бозиҳои даври бистум баргузор шуданд.

Пешсафи ҷадвали мусобиқа «Панҷшер»-и Балхӣ дар майдони худ бар «Парвин»-и Бохтар бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ сардовари вохӯрӣ Сайвалӣ Турдиев аз ноҳияи Вахш чор маротиба ҷаримаи пеналти таъин намуд, ки сетои онро ҳамлагари «Панҷшер» ва беҳтарин нишонзани Лигаи якуми Тоҷикистон дар мависми имсола Абдухалил Боронов ба самар расонд.

Яке аз дигар дастаҳои муддаии медалҳои мусобиқаи имсола «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар ин давр низ боз имтиёз гум кард. Дастаи ноҳияи Рӯдакӣ ин бор дар майдони худ бозиро бо «Коммуна» -и Фархор бо ҳисоби баробари 3 бар 3 анҷом дод.

Бозии байни дастаҳои «Саройкамар» ва «Зарафшон» бошад, бо сабаби ба бозӣ ҳозир нашудани дастаи футболи шаҳри Панҷакент баргузор нагардид. Акнун дастаи «Зарафшон»-ро бохти техникӣ бо ҳисоби 0 бар 3 интизор аст.

 

Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 20-ум

«Ҳулбук» – «Локомотив» – 2:1

Голҳо: Довуд Шомадов, 9 (1:0). Сӯҳроб Қаламзода, 17 – ба дарвозаи дастаи худ (2:0). Иззатулло Рӯзиев, 36 (2:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Саидамир Мирзоев («Ҳулбук»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода) – 8,5 хол.

Нозири доварон: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

6 октябр. Восе. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

 

«Кӯктош» – «Коммуна» – 3:3

Голҳо: Ҷамолиддин Хуҷаев, 9 (1:0). Адҳам Абдуллоев, 14 (2:0). Ворис Кенҷаев, 18 (2:1). Беҳрӯз Мамедов, 22 – аз пеналти (2:2). Адҳам Абдуллоев, 77 (3:2). Ворис Кенҷаев, 83 (3:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шоҳназар Назаров («Кӯктош»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

4 октябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1500 тамошобин.

 

«Исфара» – «Помир» – 1:0

Гол: Сӯҳроб Сабуров, 38.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сӯҳроб Сабуров («Исфара»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Муминҷон Ҳамидов (Хуҷанд).

4 октябр. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

 

«Панҷшер» – «Парвин» – 4:2

Голҳо: Абдухалил Боронов, 12 – аз пеналти (1:0). Абдухалил Боронов, 31 – аз пеналти (2:0). Нурмаҳмад Талбаков, 38 (2:1). Худойдод Узоқов, 53 – аз пеналти (2:2). Абдухалил Боронов, 59 (3:2). Абдухалил Боронов, 79 – аз пеналти (4:2).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш) – 6,3 хол.

Нозири бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

6 октябр. Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1000 тамошобин.

 

«Чашма» – «Ваҳдат» – 3:0

 

Бозии байни дастаҳои «Саройкамар» – «Зарафшон» бо сабаби ҳозир нашудани дастаи меҳмон дар бозӣ доир нашуд. 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 18 15 1 2 57-18 46
2 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 19 12 4 3 45-19 40
3 «Саройкамар» (Панҷ) 17 12 2 3 37-10 38
4 «Помир» (Душанбе) 18 8 4 6 37-24 28
5 «Исфара» (Исфара) 19 9 2 8 34-31 29
6 «Ҳулбук» (Восе) 19 9 2 8 32-29 29
7 «Парвин» (Бохтар) 19 6 5 8 34-32 23
8 «Коммуна» (Фархор) 18 6 5 7 18-26 23
9 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 19 6 1 12 15-40 19
10 «Канд» (Конибодом) 18 5 3 10 22-34 18
11 «Локомотив» (Душанбе) 18 4 6 8 20-32 18
12 «Чашма» (Шаҳритӯс) 18 4 3 11 24-50 15
13 «Зарафшон» (Панҷакент) 18 3 2 13 19-49 11

Нишонзанҳо: Абдухалил Боронов («Панҷшер») – 33 гол, Фирдавс Зайнуллозода («Чашма») –16 гол, Адҳам Абдуллоев («Кӯктош») – 14 гол, Некрӯз Козимов («Кӯктош»), Тоҳир Маладӯстов («Помир») – 11 голӣ.

 

Дар даври 21-ум вомехӯранд:

11 октябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо соати 15:30

«Коммуна» – «Исфара»

«Локомотив» – «Кӯктош»

«Канд» – «Ҳулбук»

12 октябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 15:30

«Ваҳдат» – «Саройкамар»

«Парвин» – «Чашма»

«Помир» – «Панҷшер»

Добавить комментарий