«Истиқлол» ба панҷумин унвони чемпионӣ наздиктар мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ба панҷумин унвони чемпионӣ наздиктар мешавад

Дар бозии даври шонздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон, чемпиони феълии мамлакат «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон «Регар-ТадАз»-и Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуда, ба панҷумин унвони чемпионӣ наздиктар шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 38-уми вохӯрӣ меҳмонони металлургчӣ боз карданд. Голро легионери узбекистонии «Регар-ТадАз» Санҷар Баротов зад. Қисми аввали бозӣ бо ҳамин ҳисоб поён ёфт. Дар қисми дуюм футболбозони дастаи пойтахт матонату қавииродагӣ зоҳир намуда, ба дарвозаи меҳмонон се голи беҷавоб заданд. Голҳои «Истиқлол»-ро Манучеҳр Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Девид Мауто ба самар расонданд.

То охири мавими имсола дар Лигаи олии кишвар ҳамагӣ ду даври дигар боқӣ мондааст. Барои дар таърихи бошгоҳии худ бори панҷум ба даст даровардани медалҳои тилло ва унвони чемпионӣ ба «Истиқлол» аз ин ду бозӣ ҳамагӣ ба даст даровардани як имтиёз кофӣ аст.

Рӯзи шанбеи 15-уми октябр, боз як бозии даври 16-уми Лигаи олии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он «Хуҷанд» дар меҳмонӣ бар «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 4 бар 0 пирӯз шуд. Ду голи «Хуҷанд»-ро Дилшод Бозоров, як голиро Анвархон Темирхонов ва Шероз Абдуллоев ба самар расонданд.

Ду бозии дигари даври шонздаҳум рӯзи якшанбеи 16 октябр доир мешаванд, ки дар онҳо «Вахш» бо «Ҳосилот» ва КМВА «Помир» бо «Хайр» вомехӯранд. Оғози ин бозиҳо соати 15.30.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Даври 16-ум

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 3:1

Голҳо: Санҷар Баротов, 38 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 61 (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 71 (2:1). Дэвид Мауто, 90+4 (3:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Дэвид Мауто (Исмоил Алимардонов, 90+4) , Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (Нозим Бобоҷонов, 52), Фаридун Шарипов, Ҷаҳонгир Алиев, Манучеҳр Ҷалилов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев (Аскар Равшанов, 85), Алишер Шарипов, Фирӯз Қараев, Фарҳод Холбеков (Далер Бердиқулов, 90+5), Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Ромиш Ҷалилов, Санҷар Баротов, Фирӯз Раҳматов (Музаффар Сироҷиддинов, 77), Комрон Турсунов.

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук («Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Комиссари бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

15 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

 

«Парвоз» – «Хуҷанд» – 0:4

Голҳо: Анвархон Темирхонов, 14 (0:1). Дилшод Бозоров, 45+1 (0:2). Дилшод Бозоров, 72 (0:3). Шероз Абдуллоев, 78 (0:4).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳибҷон Эргашев, Хуршед Воҳидов, Рустам Домуллоҷонов, Азиз Мирзоев, Рашид Мирхолиқов, Азиз Шамсиев, Азиз Абдусамиев, Шоҳрух Тошматов (Шуҳрат Мирбаротов, 80), Алишер Ҳайдаров (Фирдавс Акрамов, 87), Бахтовар Зокиров, Ғафур Мадаминов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Шероз Абдуллоев, Шероз Сангинов, Соҳибҷон Ҳакимов, Дилшодҷон Каримов, Манучеҳр Ахмедов (Саидҷон Шарипов, 75), Анвархон Темирхонов, Руслан Раҳматов (Шоҳрух Раҷамотов, 46), Илҳомҷон Баротов, Меҳрулло Бобоев, Дилшод Бозоров.

Огоҳонида шуданд: Азиз Шамсиев, Рустам Домуллоҷонов («Парвоз»), Дилшодҷон Каримов, Соҳибҷон Ҳакимов, Саидҷон Шарипов («Хуҷанд»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Азиз Мирзоев («Парвоз»), 69 – корти 2-юми зард, Бахтовар Зокиров («Парвоз»), 80 – барои зарба задан ба рӯи ҳариф, Шероз Сангинов, Шоҳрух Раҷаматов (ҳарду аз «Хуҷанд»), 81 – арду барои зарба задан ба рӯи ҳариф.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Аюбҷон Солиев (Конибодом).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

15 октябр. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи  «Фурудгоҳ». 600 тамошобин.

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 16 12 3 1 57-18 39
2 «Ҳосилот» (Фархор) 14 8 4 2 28-13 28
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 14 7 2 5 31-17 23
4 КМВА «Помир» (Душанбе) 14 7 2 5 19-11 23
5 «Барқчӣ» (Душанбе) 13 6 2 5 20-18 20
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 15 6 1 8 17-31 19
7 «Хайр» (Ваҳдат) 14 5 4 5 20-22 19
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 14 5 3 7 19-28 18
9 «Равшан» (Кӯлоб) 14 2 3 9 15-36 9
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 16 1 2 13 12-44 5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 21 гол, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 9 голӣ, Агблей Джонес («Хайр») – 8 гол.

Добавить комментарий