Алишер Урунов ноиби президенти ФФТ интихоб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Алишер Урунов ноиби президенти ФФТ интихоб шуд

Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба ҳайси ноиби президенти ФФТ интихоб шуд.

Алишер Урунов солҳои зиёд дар мансабҳои гуногуни ФФТ ифои вазифа карда, баъди таъсиси Лигаи Футболи Тоҷикистон вазифаи Директори генералии ин Лигаро ба уҳда дошт. Тибқи баррасии Лоиҳаи нави баргузории чемпионати Тоҷикистон бо ширкати 8 даста гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Алишер Урунов дар мавсими нави футбол фаъолият мекунад.

Алишер Урунов барои ба ин вазифа интихоб шудан изҳори минатдорӣ карда, гуфт, ки барои рушду нумӯъи футболи кишвар дар оянда ҳама имкониятҳоро истифода мебарад.

Ёдрас мешавем, ки ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва ноиби президент Дилшод Ҷӯраев буда, Алишер Урунов ба ҳайси ноиби сеюми президенти ФФТ интихоб шудааст.

Добавить комментарий