Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо клуби футболи “Помир”-и Душанбе, ки ҳамзамон дастаи базавии мунтахаби наврасони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, нисбати фалокати дар натиҷаи офати табиӣ ба сари мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расида, таваҷҷӯҳу ҳамдардӣ зоҳир намуданд.
Рӯзи якшанбеи 26 июл дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии аввали марҳилаи якҳаштниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб доир мегардад. Ин бозӣ ба худ хусусияти хайротро дорад. Ҳамаи даромади аз ҳисоби фурӯши билетҳои бозӣ ба даст омада, ба кӯмаки зарардидагон аз офати табиӣ дар ВМКБ фиристонида мешавад.
Арзиши билетҳо барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Билетҳои махсус барои сектори сабзи варзишгоҳ бошанд 50 сомонӣ арзиш доранд. Билетҳо дар рӯзи бозӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бозии 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни “Помир”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи якшанбеи 26 июл, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Ҳамаи мухлисонро ба тамошои ин бозӣ даъват мекунем!