Язгули Хоҷагелдиев: “Истиқлол” бисёр дастаи пурқувват аст” – Федерация Футбола Таджикистана

Язгули Хоҷагелдиев: “Истиқлол” бисёр дастаи пурқувват аст”

Сармураббии “Олтин Асир”-и Туркманистон Язгули Хоҷагелдиев дар нишасти хабарии пеш аз бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 муқобили «Истиқлол»-и Душанбе баён намуд, ки дастаи ӯро рақобати душвору сахте бо чемпиони Тоҷикистон дар пеш аст. Нишасти хабарӣ дар меҳмонсарои панҷситорадори “Хаятт Реҷенси Душанбе” доир гардид.

 

Язгули Хоҷагелдиев, сармураббии “Олтин Асир”:

 Пагоҳ бозии охирини марҳилаи гурӯҳӣ аст. Бисёриҳо ин бозиро, ки дар он тақдири роҳхати ягона ба марҳилаи баъдии Ҷоми имсолаи КФО ҳал мешавад, интизорӣ доранд. Ман чунин мешуморам, ки ҳам “Истиқлол” ва ҳам “Олтин Асир” ҳақи иштирок кардан дар марҳилаи баъдии мусобиқаро аллакай соҳиб шудаанд. Вале, мутаассифона, мутобиқи Низомномаи мусобиқа ҳамагӣ як даста ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбад, ки аз назари инфиродии ман ин тарз каме ноодилона аст. Зеро бовуҷуди ин қадар имтиёзро ба даст овардану дар марҳилаи гурӯҳӣ дар чор бозӣ ғалаба карда, дар натиҷаи ҷамъбаст як даста аз мусобиқа берун мондаша аламовар аст.

Дар ҳайати дастаи мо ду бозингари асосиямон – Олтимурат Аннадурдиев ва Акмурат Ҷуманазаров бо сабаби корти зард доштанашон пагоҳ наметавонанд дар бозӣ иштирок кунанд. Албатта, барои мо ин нохуб аст, вале боз дорем бозингароне, ки онҳоро дар бозӣ муқобилим “Истиқлол” иваз мекунанд.

“Истиқлол” бисёр камандаи пурқувват аст. Дастаи душанбегӣ ду сол пеш то финали Ҷоми КФО расид. Ин гувоҳи он аст, ки бозингарони “Истиқлол” таҷрибаи кофии иштирок дар ин мусобиқаро доранд.

Умедҷон Астанов, ниммуҳофизи “Олтин Асир”:

Парвоз то Душанбе андак мушкил буд,  вале бачаҳо аллакай барқарор шуданд. Дар бораи дастаи рақиб ҳаминро гуфта метавонам, ки “Истиқлол” бисёр дастаи пурқувват аст. Ташаббусро дар худ гирифта, ҳамеша ҳуҷум карданро дӯст медорад. Дар ҳар сурат мо ба бозии имрӯза муқобили “Истиқлол” омода ҳастем.

Добавить комментарий