Баъд аз анҷоми бозии ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии чемпионати футзали Осиё-2016 дар гурӯҳи «С» миёни мунтахабҳои миллии Тоҷикистон ва Тайбэи Чин, ки бо ҳисоби баробари 3 бар 3 анҷом ёфт, дар нишасти хабарӣ сармураббии дастаи мо Ҳусейн Шодиев назари худро оиди вохӯрӣ чунин баён кард.
Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон:
– Ин бозии охирини мо дар ин чемпионат буд. Бозӣ ҳеҷ чиро ҳал намекард ва барои ҳамин мо ба бозигаронамон мухторият додем, то ба кадом дараҷа қодир будани худро нишон диҳанд. Мо онҳоро бисёр сарборӣ надодем. Дар охири бозӣ бошад, дар ҳайати дастаи мо бештар бачаҳои ҷавон бозӣ карданд. Дар миёнаҳои қисми дуюми бозӣ бачаҳо андаке суст шуданд. Хуб шуд, ки дар сонияҳои охири бозӣ муваффақ шуданд, ки вохӯриро мусовӣ кунанд. Барои қавииродагияшон ба бачаҳо сипосгузорӣ баён мекунам. Фикр мекунам, ки аз иштирок дар ин чемпионат бозигарони мо таҷрибаи хуб бардоштанд. Ба мо барои баромадан аз гурӯҳ, махсусан таҷрибаи бозӣ дар чунин сабқатҳо камӣ кард. Мо имрӯз бо ин ҳайат ҳамагӣ бозии шашуми расмиямонро гузаронидем. Аз бозӣ то бозӣ сатҳи бозикунии бачаҳо такмил меёбад. Имконияти аз ин ҳам хубтар баромад кардани даста дар чемпионати имсолаи Осиё ҷой доштанд. Амо, шояд дар ҷое корамон он накрду бахт ба рӯямон нахандид. Ба ёд биёред, ки чӣ қадар имкониятҳои зиёди голзаниро бозигаронамон амалӣ карда натавонистанд. Амалӣ карда натавонистани лаҳзаҳои қуллайи голзанӣ мушкили асосии мо буд. Дар маҷму оиди иштироки даста дар ин мусобиқа ҳаминро метавонам бигӯям, ким ан аз бозии шогирдони худ қаноатмандам, аммо натиҷаи иштирок дар ин чемпионат маро қонеъ намегардонад. Дар хотимаи сухан мехоҳам ба Федератсияи футболи Узбекистон барои меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи баланд ташкил гардонидани ин мусобиқа аз номи дастаи худ миннатдорӣ баён кунам. Мо дар Тошканд, худро ҳамчун дар Душанбе эҳсос намудем.