Қуръакашии Ҷоми “Истиқлол” 1-уми август доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии Ҷоми “Истиқлол” 1-уми август доир мешавад

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми клуби футболи “Истиқлол”-и пойтахт, ки барои бори сеюм бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор мегардад, рӯзи 8 август оғоз хоҳад шуд.

Барои иштирок дар Ҷоми навбатии Клуби футболи “Истиқлол”, дастаҳои футболи хурди вазоратҳо, сохторҳои қудратӣ, корхонаву муаассисаҳо, бонкҳо, сафоратхонаву намояндагиҳои даватҳои хориҷии дар ҷумҳурӣ мустақаршуда ва инчунин дигар идораҳо роҳ дода мешаванд. Аъзоҳақӣ барои ширкат дар мусобиқа 3000 (се ҳазор) сомонӣ муқаррар шудаст. Дар мусобиқа бозигарони синнашон аз 24 сола боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Бозигарони дастаҳои лигаҳои оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа роҳ дода намешаванд.

Бозиҳои мусобиқа дар майдончаҳои футболбозии чаманашон маснӯии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуривӣ доир мешаванд. Айни замон 20 даста иштироки худро дар Ҷоми КФ “Истиқлол” тасдиқ карданд ва дастаҳое, ки хоҳиши иштирок кардан дар ин мусобиқаро доранд, метавонанд бо онҳо пайваст шаванд.

Мукофотпулии Ҷоми имсолаи Клуби футболи “Истиқлол” 70 000 (ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ, дастаи финалист ба маблағ дар ҳаҷми 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва барандаи медалҳои биринҷӣ бо маблағ дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ мукофотонида мешаванд. Роҳбарони дастаҳои ҷоизадор ва бозигарони беҳтарин ҳам бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Қуръакашии Ҷоми Клуби футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд  рӯзи шанбеи 1 август, соати 11.00 дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14/3 (дар паҳлӯӣ заводи “Тоҷиктекстилмаш”) доир мешавад. Кумитаи тадорукотии мусобиқа ҳамаи хоҳишмандонро барои иштирок дар сеюмин мусобиқаи Ҷоми Клуби футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд даъват менамояд. Барои маълумотҳои иловагӣ метавонед бо телефонҳои 989-08-63-63, 98-735-11-11, 227-77-80 тамос бигиред.

Добавить комментарий