Дастаи футболи «Умед»-и Душанбе дар 5-умин мусобиқаи байналмилалии «Тӯби чармин» дар Геленҷики кишвари Краснодари Русия мақоми чорумро ишғол кард. Дар ин бора ба торнамои расмии ФФТ муовини раиси Федератсияи футболи Душанбе Увайдо Давлатбеков хабар дод.
Мусобиқа аз 13 то 18 октябр дар Геленҷики кишвари Краснодари Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар мусобиқа 11 даста аз давлатҳои Русия, Абхазия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва Осетияи Шимолӣ ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дастаи «Умед» – ғолиби сеюмин мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Душанбе миёни дастаҳои футболи кӯчаҳои пойтахти мамлакат аз рӯи барномаи «Футбол ба назди шумо меояд» муаррифӣ намуд.
Мутобиқи қуръакашии марҳилаи пешакии сабқат, дастаи «Умед» дар гурӯҳи «В» якҷоя бо дастаҳои «Нефтчӣ» (Боку, Озарбойҷон), «Пулс» (Якутск), «Надежда» (Краснодар), «Спиру Харет» (Молдова) ва «Гудаута» (Абхазия) ҷойгир шуд.
Дар бозии даври ифтитоҳӣ футболбозони навраси тоҷик аз «Нефтчӣ»-и Боку бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб шуданд. Аммо дар чор бозии дигари марҳилаи гурӯҳӣ шогирдони Насим Набиев бар дастаҳои «Гудаута» (7:3), «Пулс» (1:0), «Спиру Харет» (1:0) ва «Надежда» (2:0) ғолиб омаданд. Ба ин тартиб, «Умед» бо 12 имтиёз дар гурӯҳ ҷои дуюмро ишғол кард.
Мувофиқи тартиби баргузории мусобиқа, дастаҳои зинаҳои якуми гурӯҳ дар бозии финалӣ ва дастаҳои зинаҳои дуюм барои ҷои сеюм рақобат карданд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм «Умед» бо дастаи «Луч» (Чапаевск, вилояти Самара) вохӯрд. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи футболбозони «Луч» анҷом ёфт ва дастаи «Умед» дар ин сабқати бонуфузи байналмилалӣ зинаи чорумро ишғол кард.
Дар бозии финалӣ футболбозони навраси «Нефтчӣ» бар дастаи «Барслан»-и Осетияи Ҷанубӣ бо ҳисоби 4 бар 1 зафар ёфтанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ниммуҳофизатгари «Умед» Муҳаммадворис Сайдалиев беҳтарин бозигари мусобиқа шинохта шуда, бо тӯҳфаи хотиравии махсус мукофотонида шуд.